ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии ТАСС, Мария Захарова-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Русия гуфт : Қарор аст Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия имрӯз бо Луичи Ди Майо-вазири умӯри хориҷаи Италия дидор ва дар нишастҳои аъзои гуруҳи 20 ширкат кунад . Ҳеҷ мавзӯе дар иртибот бо интиқоли газ дар дидорҳои рӯзи гузаштаи миёни мақомоти Маскав бо соири кишварҳои ҳозир матраҳ нашудааст .
Русияву Амрико муддатӣ аст бар сари мавзӯъоти мухталифи сиёсӣ, аз ҷумла хати лӯлаи интиқоли газ ба Аврупо мавсӯм ба Норстрем 2 бо якдигар ба шиддат ихтилофи назар доранд . Ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодии муштарак миёни Маскаву Пекин низ яке аз дағдағаҳои ин рӯзҳои Вашингтон табдил шудааст .
Амрико нигаронаст Маскав аз гази содиротии худ ба Иттиҳодияи Аврупо ба унвони як силоҳ истифода кунад. Иддаое ки борҳо аз сӯии мақомоти рус рад шудааст . Пас аз буҳрони Украина дар соли 2014 хати лӯлаи гази Русия ба Аврупо, ки аз ин кишвар убур мекард, даргири бозиҳои сиёсӣ шуд .
Русия дар иқдоми роҳбурдӣ барои онкӣ ба таври ҳамзамони Украинаро аз масири транзити газ ҳазф кунад, хати лӯлаи гази Норстрем 2-ро аз баҳр бунёд кард . Амрико дар ибтидо ин хати лӯларо таҳрим ва дар ниҳоят аз онҷо, ки маҷбур буд Олмон ба унвони яке аз шуракои роҳбурдии худро мавриди таҳрим қарор диҳад, аз ин мавзӯъ сарфи назар кард .
342/